АсосйМаданият

Шаҳло Саидалиева сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид

Шаҳло Саидалиева хонандаи синфи 9-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора гузориш медиҳад

Шоҳҷоиза ба Шаҳло Саидалиева имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд. Онро ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супорид.

Тибқи Низомномаи ин Озмун, ғолиби мутлақ дар байни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад. Шаҳло Саидалиева дар Озмун аз рӯйи номинтасияи «Адабиёти муосир» дар даври ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро касб кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2021 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ягон нафар сазовори «Шоҳҷоиза» дониста нашуда буд. Соли 2020 Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ба гирифтани «Шоҳҷоиза»-и Озмун мушарраф гардид.

TuraNews

Back to top button