АсосйСиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Душанбе кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Зимни музокирот тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Рӯзи 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хоссаи сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ ва атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ зикр кард.

“Тайи сӣ соли равобити дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд”, – изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Source
Asia plus

TuraNews

Back to top button