Варзиш

Эсхата» ва «Ҳосилот» бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистонро бо ғалаба оғоз намуданд

6 апрел бо бозии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид.

Вохӯрии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Эсхата» Мубинҷон Муминов ва Боҳирҷон Сангинбоев ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Лигаи олӣ дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфт. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар меҳмонӣ дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0 бар 3 ноком гардида буд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ҳоло пас аз ду ғалаба бо касби 6 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз ду бохт дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст. Ҳамчунин пас аз ду даври мусобиқа футболбозони дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар то ҳанӯз ба задани гол ноил нагардидаанд.

Дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 12 апрел дар варзишгоҳи «Спартак» доир мегардад. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври навбатӣ 12 апрел дар сафар бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад. Ҳамин тавр, дар даври сеюм мо шоҳиди бозии «дерби»-и вилоятҳои Суғд ва Хатлон мегардем.

Дар бозии дигаи даври дуюми Лигаи олӣ дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар сафар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод. Голҳои дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро дар ин бозӣ Мусиси Фароук, Муродов ва Азизбоев ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат ду бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.

TuraNews

Back to top button