Сиёсат

Котиби давлатии ИМА ба Осиёи Марказӣ 25 млн доллар кумак ваъда кард

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар ҷараёни сафар ба Остона (Қазоқистон) ба Осиёи Марказӣ барои коҳиши вобастагӣ аз Русия кумак ваъда кард, менависад Азаттык.

Дар ҷараёни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақа дар пойтахти Қазоқистон дар қолаби С5+1 котиби давлатии ИМА дар бораи бастаи нави кумаки Вашингтон ба маблағи 25 млн доллар хабар дод.

Блинкен изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида “истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ”-и кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сафари Блинкенро “такони иловагӣ” ба ҳамкории давлатҳо номидааст.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо Котиби давлатии ИМА вомехӯранд
Дар навбати худ котиби давлатии ИМА изҳор доштааст, ки Қазоқистон барои зиён аз таҳримҳои зидди Русия ҷуброн мегирад.

“ИМА ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”, – иброз доштааст дар Остона котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, хабар медиҳад Orda.

Тибқи маълумоти ӯ, ширкатҳое, ки фаъолияташонро дар Русия коҳиш медиҳанд, имконоти нав пайдо мекунанд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Остона Блинкен ҳушдорҳои худ алайҳи Чинро дар сурати пуштибонии низомии Чин аз Русия дар ҷанг бо Украина такрор кард.

Source
Asia Plus

TuraNews

Back to top button