АсосйТехнология

Дар Тоҷикистон се озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ба истифода дода мешавад

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул намудааст. Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар таҳия гардида, дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини ниҳодҳои иқтисодии кишвар дастур дода буданд, ки барои таҳия, истифодаи васеъ ва самараноки технологияҳои муосиру пешрафта дар соҳаҳои иқтисод Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ моҳи сентябри соли равон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то давраи соли 2040 қабул гардид.

Source
Khovar

TuraNews

Back to top button