Ҷамъият

Ба қишри осебпазири Тоҷикистон ба маблағи 461,4 млн сомонӣ ёрӣ расонида шуд

Шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари бахши маблағгузории буҷет дар суғуртаи иҷтимоии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Назирмадов иттилоъ дод.

Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шакли нави  пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва маъюбон дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 23 декабри соли 2022 дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода  шуд, ки ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад. Ба таъкиди  Сарвари давлат аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ба ин мақсад равона мегардад.

Барои фаҳмидани он ки то куҷо қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон аз ин кумакҳо бархурдор шуданд, мухбири АМИТ «Ховар» бо мутахассисону коршиносони соҳа суҳбат намуда, натиҷаҳои онро таҳлил кард.

Бояд гуфт, ки ҳамеша ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлат аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад. Дар ҷумҳурии мо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 ва қарорҳои дахлдор вобаста ба он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо мақоми камбизоатӣ гирифтаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, ин қабл аз ҳама, мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад ба шумор меравад.

Тибқи қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру илова ба он андоза ва тартиби пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тағйир дода шуд. Тибқи он андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат бо назардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, барои дувоздаҳ моҳ то 1 июли соли 2023 дар ҳаҷми 8 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ) барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад, ки айни ҳол баробар ба 544 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол маъюбоне ҳастанд, ки аз нагирифтани кумаки якдафъаинаи иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Яке аз онҳо Ф. Саидов, сокини 64-солаи шаҳри Душанбе аст, ки бо вуҷуди маъюби гуруҳи II буданаш аз кумаки яквақтаина бархурдор нашудааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки баъди шунидани расонидани кумаки якдафъаина ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард, вале маълум гардид, ки ӯ ба рӯйхати кумакгирандагон ворид нашудааст.

«Соли 2020 расонидани кумаки яквақтаина сурат гирифта буд, ки дар баробари дигар қишри осебпазири ҷомеа ман чун маъюб аз маблағи 400 сомонӣ бархурдор гардидам. Аммо соли 2022, вақте гуфтанд, ки ба маъюбон низ кумаки яквақтаина дода мешавад, умедворам будам, ки инро мегирам, мутаассифона, нагирифтам», — изҳор дошт ӯ.

Source
Khovar
Back to top button