Чӣ бояд кард, то дар сардиҳои зимистон бемор нашавем?
Аз 10 то 14 январ дар бештари манотиқи кишвар пастшавии ҳарорати ҳаво то 15-20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Ҳавои сарди зимистон метавонад шаҳрвандонро бештар ба бемориҳои сироятӣ мубтало созад. Чӣ бояд кард, то дар рӯзҳои сармо бемор нашавем? Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» табиби сироятшинос Муродалӣ САФАРАЛИЕВ ба ин суол посух дод.
«Ин сардиҳо бештар ба кӯдакон осеб мерасонанд, агар онҳо беназорат гузошта шаванд. Ҷисми хурдсолон хело осебпазир аст, зеро имунитети онҳо суст буда, метавонанд ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шаванд. Барои он ки кӯдакон бемор нашаванд, дар ин рӯзҳои сарди зимистон ба онҳо либоси мувофиқ пӯшонидан, дар ҳавои сард кам гашту гузор намудан лозим аст, инчунин хӯрокҳои таббӣ ва бештар аз шир омодашуда, истеъмол намудан лозим аст»,- иброз дошт табиб.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин шахсони калонсол низ бояд эҳтиёткор бошанд. Ин шахсон бояд бештар нӯшобаҳои гарм аз қабил, ҷой гарм бо лимӯ, асал ва дигар навҳои мураббо истеъмол намоянд.
Бояд тазакур дод, ки дар фасли сармо одамон бештар дар як ҳуҷра сарҷамъ мешаванд. Муродалӣ Сафаралиев таъкид намуд, ки агар як узви оила ба бемори мавсимӣ гирифтор бошад, ба дигар аъзои оила ҳатман таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ ҳавои хонаро бояд рӯзе як маротиба иваз намуд. Дар ҳолати ба беран бароманд, шахси бемор ҳатман ниқоб пӯшиданро фаромӯш насозад. Зеро ба дигарон сироят мекунад.
Бояд тазакур дод, ки дар ин фасл яке аз бозиҳои дӯстоштаи инсонҳо барфбозӣ аст. Сайру гашт ба инсон фоидабахш аст, агар инсон либоси мувофиқи ин фаслро дар бар дошта бошад, мегўяд ҳамсуҳбати мо.
Табиби сироятшинос ба сокинони мамлакат чанд тавсияро пешниҳод мекунад:
Бештар ба сайругашт равед — рӯзҳои зимистон кӯтоҳ аст, мо камбуди нурҳои хуршедро эҳсос мекунем ва ин сабаби гармонҳои зиёди мелатонин тавлид кардани мағзи сар шуда, инсонро хоболуд мекунад. Ҳатто сайругашти кутоҳ ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ метавонад вазъияти одамро тағйир диҳад, яъне хастагиро рафъ созад.
Дар ин рӯзҳо бояд бештар витамин истеъмол намуд!
Меваву сабзаҷоти тоза беҳтарин манбаъи витамини «С» ҳастанд, ки аз муқовимати табии шумо, устувории сироятпазирӣ ва ҳуҷайраҳо ҳимоят мекунанд. Витамини C сироятнопазириро тавассути тавлиди ҳуҷайраҳои хун тақвият медиҳад ва организмро аз сирояти бемориҳо муҳофизат мекунад.
Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки хоби бароҳати кофӣ барои мубориза бо эҳсоси заъфу сустӣ хеле муҳим аст ва он бадани шуморо аз ҳар гуна ноҷӯриҳо ҳифз мекунад. Кӯшиш кунед, ки вақти шабонарӯзии хобро риоя намоед. Масалан, тақрибан ҳашт соат вақт ҷудо кунед ва кӯшиш намоед, ки он ба як одати ҳамарӯзии шумо табдил шавад.
Яке аз роҳҳо муҳофизати бадан ин ба варзиш машғул шудан аст. Барои ин инсон ҳар субгоҳон ҳатман ба варзиш машғул шавад, зеро он ҷисмро нерӯманду бақувват менамояд. Монанди парҳез ё низоми ғизои солим варзиш метавонад куллан ба саломатӣ мусоидат намояд, бахусус сироятнопазириро тақвият бахшад. Шумо на танҳо эҳсос мекунед, ки аз нерӯи солим пур шудаед, балки метавонед бо афзоиши эҳтимолии вазни худ дар шароити зимистон мубориза баред. Ва ин мубориза хеле самаровар ҳам хоҳад буд.