Иқтисод

Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд

Дар муқоиса бо сатҳҳои соли гузашта моҳи феврали соли 2023 нархҳои миёна ба гандум дар Русия ва Қазоқистон ба андозаи 23-53% поин рафтанд. Ин метавонад ба интиқоли зироати ғалладона ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

Дар Русия нархи миёнаи 1 тонна гандуми нарми навъи сеюм то 170 доллар поин рафт, ки 23% камтар нисбат ба моҳи феврали соли 2022 аст. Хабаргузории Зерно Он-Лайн бо истинод ба Росстат хабар медиҳад, ки гандуми дурушт то 200 доллар арзон шуд, ки 53% поинтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Ба иттилои ElDala.kz, дар Қазоқистон аз оғози моҳи июли соли 2022 арзиши 1 тонна гандум аз 400 доллар то 190 доллар поин рафтааст.

“Зироати ғалладонаи арзон, ки қисмате аз он ғайриқонунӣ ба Қазоқистон ворид карда мешавад, ба бозори дохилӣ фишор меорад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи соҳавии Қазоқистон, ҳаҷми воридоти ба истилоҳ “пинҳонӣ” дар як сол ба 1,5-2 млн тонна расида, зарари умумӣ ба давлат ҳамасола 500 млн долларро ташкил медиҳад.

“Тибқи маълумоти дарёфтӣ аз иштирокчиёни бозор, ҳиссаи назарраси қочоқи зироати ғалладона тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.

Гандуми воридшуда бидуни пардохти ААИ ба номи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба расмият дароварда шуда, сипас дар шакли содироти дубора (реэкспорт)-и пинҳонӣ бе пардохти тарифи транзитӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ равона мегардад”, – хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Қазоқистон.

 

Source
Asia Plus

TuraNews

Back to top button