АсосйҶаҳон

ВКД: Дар Хоруғ ҷустуҷӯи зери тарма беному нишон шудагон идома дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар робита ба фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ гуфтааст, ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ гардида, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

ВКД гуфтааст, дар пайи тармафароии 15-уми феврал, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма мондааст.

“Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст”,- гуфтааст ВКД.

 

Source
AsiaPlus

TuraNews

Back to top button