Сиёсат

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири ИМА муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Доир ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо табодули назар сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 3 апрел сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл П.Микаллерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, pимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот инчунин доир ба истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор сурат гирифт.

TuraNews

Back to top button