Тоҷикистониён барои мардуми аз заминларза осебдидаи Туркия кумак ҷамъоварӣ мекунанд
Сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард.
“Ин кумакро дар хотир медорем ва дар дил сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, мехоҳем зикр кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд”, – изҳор дошт сафир.
Субҳи рӯзи 6 феврал дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 балла ба амал омада, ба гуфтаи президенти ин кишвар, ин сахттарин аз соли 1939 мебошад.
Бино ба маълумоти ахир, теъдоди ҳалокшудагон аз ин ҳодиса то ҳудуди 14 ҳазор нафар ва ҷароҳатбардоштагон – то 64 ҳазор нафар расид.