АсосйСиёсат

Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои гузаронидани об тавассути обанбори Қайроққум ба тавофуқ расиданд

Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар мавриди гузаронидани ҳаҷми об аз обанбори «Баҳри тоҷик» якдилона ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев дар ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.

Вай дар бораи бурдани корҳо бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъмини партоби иловагии об аз обанборҳои болооб гузориш дод.

«Шартҳои коркарди  обанбори «Баҳри тоҷик» мувофиқа карда шуданд. Ин шартҳо дар Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) мустаҳкам карда шудаанд”, — таъкид намуд вазир.

Қобили зикр аст, ки тавофуқ дар бораи гузаронидани об тавассути обанбори «Баҳри тоҷик», ки аз Токтогули Қирғизистон партоб шудааст, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) ҳосил шуда буд.

Via
Inform.kz
Source
Khovar

TuraNews

Back to top button