Ҳайатҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вохӯрии навбатӣ дар Бодканд хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Таъкид мегардад, ки зимни ин вохӯрӣ “Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.
Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар назар аст, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
Дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти ин тафоҳум ироа нагардидааст ва гуфта намешавад, ки лоиҳаи 17,66 км сарҳади ду кишвар дар кадом минтақаҳо муайян гардидааст.
Бояд гуфт, қаблан сарони ду кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ ва фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни мушаххас кардани хатти марз чандин бор мулоқот анҷом дода буданд.