Асосй

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия аз 12 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 873 нафар расид

Оҷонси идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия гуфт, бар асари офати табиӣ то кунун теъдоди ҳалокшудаҳо дар кишвар ба 12 873 афар мерасад.

Омори захмиён низ ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ба 62 937 танро ташкил медиҳад.

Бо гузашти се рӯз аз заминларзаи харобиовар дар Туркия то ҳол наҷотдиҳандагон аз зери биноҳои фурӯрафта одамони зиндамондаро берун мебароранд.

Ҳоло ба ин кишвар аз давлатҳои гуногун садҳо наҷотдиҳанда сафарбар гардида, ба ҳамкасбони турки худ барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза кӯмак мерасонанд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон низ субҳи имрӯз, 9-уми феврал ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар имдодгаронро фиристод. Ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.

Дар Туркия бошад, бо дастури раисҷумҳури ин кишвар 7 рӯз мотами миллӣ эълон гардидааст.

Бояд гуфт, ки Туркия субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд.

Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.

Source
AsiaPlusinfo

TuraNews

Back to top button