Ҷаҳон
Қазоқистон манъи содироти пиёзро лағв кард
Мақомоти Қазоқистон манъи содироти пиёзро лағв карданд, аммо дар ҳаҷми содирот маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ намуданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар доданд.
“Аз 8 то 28 апрел барои содироти пиёз аз қаламрави ҷумҳурӣ ба кишварҳои сеюм ва кишварҳои ИИАО ба андозаи 20 ҳазор тонна квота ҷорӣ карда шудааст”, – афзудаанд дар вазорат.
Гуфта мешавад, ки лимити як дархостдиҳанда барои тамоми давраи амали маҳдудият на бештар аз 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Моҳи январи соли 2023 Вазорати кишоварзии Қазоқистон содироти пиёзро ба муддати 3 моҳ мутаваққиф карда буд.