Ҷамъият

Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд. Мақсад аз баргузории ярмаркаҳои мазкур таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси қарори мазкур Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур дар пойтахт тадбирҳои муассир андешанд.

Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон ба Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки хизматрасонии ташхиси маҳсулоти гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо тариқи ройгон амалӣ намоянд.

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишӣ»-и шаҳри Душанбе низ барои ороиши макони ярмаркаҳо бо лавҳа ва шиору навиштаҷоти идона вазифадор карда шуд.

Back to top button