Асосй

Наҷотдиҳандагони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд

Шаби гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи Тоҷикистон, ки дар корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок карданд, ба ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи Душанбе имдодгаронро намояндагони ҳукумат, КҲФ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, пайвандону наздикони онҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд.

Кори имдодгарони тоҷик дар минтақаи бештар осебдидаи Қаҳрамонмаръаш оғоз гардида, сипас онҳоро ба қитъаи дигар – Хатой сафарбар карданд.

Source
Азия-Плюс

TuraNews

Back to top button