Варзиш
Медали тиллои ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Алмато
Ҷудокори тоҷик Иброҳимҷон Элмуродов дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато (Қазоқистон) дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.
Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, боз як намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) медали биринҷӣ гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба сурати умум 13 варзишгар – 7 наврас ва 6 ҷавон намояндагӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 5 медал – 4 биринҷӣ ва 1 тилло ноил гардид.