Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ супорид.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.
Манбаъ афзуд, ки Имомӣ, Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Григорев ҳайси сафири нави Русия нимаи моҳи октябр вориди Душанбе шуд. Фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.