АсосйИқтисод

Имзои санади ҳамкорӣ байни бонкҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Он дар доираи Форуми сармоягузорӣ ба имзо расид.

Байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид, ки барои оғоз намудани ҳамкориҳои дуҷониба заминаи хубе фароҳам меорад.

Тавре ки хадамоти матбуоти “Амонатбонк” хабар медиҳад, санад аз ҷониби раҳбарияти бонкҳо дар доираи кори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки 4 апрел доир гардид, имзо шуд.

Гуфта мешавад, пас аз имзои санад мулоқоти В2В байни роҳбарони «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» баргузор гардид, ки дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ аз қабили кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии шабонарӯзӣ (overnight), мубодилаи асъор ва табодули таҷрибаи тарафайн, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар форум таҳти раёсатироҳбари Кумита Саъдӣ Қодирзода байни Конфедератсияи миллии моликони Озарбойҷон (ASK) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум имзо шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар кори Форум беш аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён  фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо муҳокима карда шуданд.

 

TuraNews

Back to top button