Дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия блогнависи низомӣ Владлен Татарский (номи маслии ӯ Максим Фомин аст) кушта шуд.
Таркиш 2-юми март, тахминан баъди соати 18 рух додааст. Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, ки расонаҳо бо такя ба манобеи худ интишор мекунанд, дар ин қаҳвахона шаби эҷодии Владлен Татарский идома дошт ва дар ҷараёни он духтаре ба блогнавис тандис ё ҳайкал туҳфа намуд, ки дар он маводи тарканда ҷойгир карда шуда буд. Пас аз чанд лаҳза таркиш рух дод.
Мақомоти Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳадафи таркиш маҳз Владлен Татарский буд.
Дар хусуси шахсиёти он духтар ҳоло маълумоти дақиқ дастрас нашудааст ва пулис ӯро мекобад.
Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин, беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бояд гуфт, ки Владлен Татарский дар гузашта дар ҳайати неруҳои низомии рӯ ба Русия дар Донбасс ҷангида буд ва дар бораи ҷанги Русия дар Украина гузориш медод.
Ба гузориши расонаҳои Русия, дар шаби эҷодии Владлен Татарский дар Петербург наздики 100 кас иштирок дошт.