Сиёсат
Дар Бишкек ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар шаҳри Башкек ҷаласаи навбатӣ доир намуданд.
«Дар асоси Нақша-ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2023 ва мувофиқаи бо роҳи дипломатӣ бадастомада дар шаҳри Бишкек 1-7 апрели соли 2023 вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид», — омадааст дар хабари вазорат.
Гуфта шуд, ки ҷонибҳо муҳокимаи масоили делимитатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар вохӯриҳои минбаъда идома медиҳанд.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.