Асосй

Дар 2 деҳаи ҷануби Тоҷикистон шабона сел омад

Дар Ховалинг бошад, ҳангоми ҷамъоварии занбӯруғ ноболиғи 10-сола ҳалок шуд.

Бар асари боришоти шадиди шаби гузашта дар дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабудии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел омад.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷа таҳхонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон ва заминҳои корами ҷамоати мазкур зери об мондааст.

“Бо мақсади таъмини амният аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 оила, ки хонаҳояшон дар минтақаи селпарто қарор доранд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сардории муовини раиси кумита генерал-майор С. Исозода ба ноҳияи Панҷ рафтааст.

Барои расонидани кумак ба осебдидагон ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои сел ба маҳал неру ва воситаҳои зарурӣ сафарбар карда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ оғоз шудааст.  Барои муайян кардани хисорот комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ ба кор шурӯъ кардааст.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

 

Source
Asia Plus

TuraNews

Back to top button