Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон пайиҳам 8 рӯз истироҳат мекунанд.
Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.
“Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, – гуфтанд дар Федератсия.
Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 8 рӯз пайиҳам – 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактабхонҳо кам карда мешавад.