АсосйИқтисод

Бонки ҷаҳонӣ: Бо сабаби камшавии интиқоли маблағ, рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад

Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ аз 8% дар соли гузашта то 5% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.

Ин “ба коҳиши интиқоли пул, ки тавре интизорӣ меравад, ба камшавии истеъмоли хусусӣ оварда мерасонад”, рабт дода мешавад.

“Соли 2022 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Ба ин афзоиши назарраси интиқоли пул, асосан аз Русия, ки зиёда аз сеяки ММД-ро ташкил медиҳад, мусоидат намуд”, – гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Афзоиши суст, таварруми баланд ва буҳрони арзиши ҳаёт”.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, дурнамои Тоҷикистон бо хатарҳои ҷиддии бад шудани вазъият алоқаманд аст.

“Дорандагони шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русия ҳамчунон зери хавфи баланди сафарбарии низомӣ дар Русия қарор доранд, ки метавонад ба бозгашти муҳоҷирон ва эҳтиёҷоти бештар ба кумаки иҷтимоӣ боис гардад”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар соли 2021 маблағи умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил дода буд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Зиёда аз 76%-и ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, қариб аз чор як ҳиссаи он – аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва/ё шахсони бо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия иқоматдошта анҷом дода шудаанд. Дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо 94,3%-ро рубл, 5,6%-аш – доллар ва 0,1%-ашро – евро ташкил дод.

Source
Asia Plus

TuraNews

Back to top button