АсосйИқтисод

Беш аз 100 намояндаи ширкатҳои Туркманистон барои баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Тоҷикистон меоянд

Аз барномаи ҷаласаи якуми Шӯрои тиҷоратии кишварҳо огаҳӣ ёфтем.

Ҷаласаи аввали Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки беш аз 100 намояндаи ширкат ва сохторҳои Турманистон дар он гирдиҳам меоянд, рӯзи 8 апрел соати 17:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ин вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи шарикони нав, тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷорӣ ва робитаҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар баррасӣ мекунанд.

Рӯзи дигар, 9 апрел соати 10:00 маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти содиротии кишварҳо доир мегардад. Сипас соати 11:30 форуми тиҷоратии соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор гардида, соати 15:00 вохӯриҳои дуҷониба байни тоҷирон оғоз мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори Форум намояндагони беш аз 67 ширкати хурду бузург ва миёнаи Туркманистон, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, асбобу техникаи рӯзгор, пластмасса, маводи канселярӣ, нассоҷӣ ва қаҳва машғуланд, иштирок мекунанд. Ҳамчунин кору хидматрасониҳои тиҷорат ва маҳсулот дар бахшҳои сайёҳӣ, сохтмон, савдо, хидматрасониҳои (консалтингӣ) машваратӣ муаррифӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов рӯзҳои 10-11 апрел бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бердимуҳаммадов дар чаҳорчӯби сафараш бо мақомоти давлатӣ якчанд дидорҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ хоҳад кард.

Source
Asia Plus

TuraNews

Back to top button