Баъзе тафсилоти сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикистон маълум шуд
Имрӯз дар Душанбе форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон ба кор шурӯъ мекунад.
Субҳи рӯзи 5 апрел президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Зикр шуд, ки дар доираи сафар ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Сарони кишварҳо нахуст бо ҳамдигар вохӯрда, сипас ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор санадҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.
Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо сарони кишварҳо бо изҳороти муштарак барои ВАО суханронӣ мекунанд.
Шоми ҳамин рӯз Илҳом Алиев ба Озарбойҷон бармегардад.
Имрӯз дар остонаи сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон, дар Душанбе форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон ба кор шурӯъ мекунад.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.
Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.