Асосй

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон чӣ гуна чорабиниҳо гузаронида мешаванд?

Дар рӯзҳои ҷашни байнулмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон 8 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Чорабиниҳои асосии ҷашн дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол  дар шимоли кишвар – шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Ба иштирок дар ин ҷашнҳо намояндагони зиёиён, эҷодкорон, ходимони фарҳанг ва ҳайатҳои хориҷӣ даъват мешаванд.

“Дар Суғд кумитаи тадорукот оид ба ҷашни Наврӯз таъсис дода шудааст. Рӯзи баргузории ҷашн ҳоло маълум набуда, инчунин барномаи фарҳангӣ низ ҳоло тасдиқ нашудааст”, – хабар дод як манбаъ аз Вазорати фарҳанг.

Лекин дар ҳамин ҳол, маълум аст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир мегарданд.

Ба муносибати ҷашн дар Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пойгаҳҳои аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лрола”, “Арӯси наврӯзӣ” ва “Маликаи баҳор” баргузор мешаванд.

Наврӯзро пойтахт чӣ гуна ҷашн мегирад?

Дар Душанбе ба мисли солҳои пешин Наврӯз дар чор ноҳияи пойтахт ҷашн гирифта мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.

Рӯзи 21 март дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) ҷашнвораи “Наврӯз – мероси фарҳангии ҷаҳонгардӣ” доир мегардад.

Шоми ҳамин рӯз соати 19:00 дар майдони нави “Истиқлол” бо иштироки сарояндаҳои маъруфи эстрадии кишвар гала-консерт баргузор мешавад.

Дар ҳамаи боғҳои фароғату истироҳати шаҳри Душанбе баргузори чорабиниҳои идона ба нақша гирифта шудааст.

Ошпазҳои маҳаллӣ таъомҳои миллӣ пешниҳод намуда, занон ба пухтани суманак дар дегҳои калон машғул мешаванд.

Баргузории чорабиниҳои идона дар “Боғи Куруш”-и ноҳияи Шоҳмансур, боғи “Айнӣ” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, боғи “Фирдавсӣ” дар ноҳияи Фирдавсӣ ва майдони назди Пркуратураи генералӣ дар ноҳияи Сино пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ба ин муносибат дар пойтахт мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд Рӯзҳои 18-19 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешаванд.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 20 то 24 март дар ноҳияи Варзоб мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба қаиқронӣ гузарнида мешаванд. Дар мусобиқаҳо 120 варзишагр аз 12 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Рӯзҳои ҷашн ҳамчунин мусобиқаҳои маъмулии гӯштингирӣ, пойгаи аспдавонӣ барпо шуда, лекин рӯзҳои баргузории онҳо ҳоло маълум нест.

Ғайр аз ин, пеш аз ҷашни Наврӯз аз 16 то 20 март дар бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, майдони назди боғи “Куруши Кабир” ва назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино (Қарияи Боло) ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон ташкил карда мешаванд.

Дар робита ба чорабиниҳои идона дар дигар минтақаҳои кишвар дар Вазорати фарҳанг зикр карданд, ки онҳо ба нақша гирифта шуда, лекин ҳоло дар бораи рӯзи дар куҷо чӣ гуна баргузор шуданашон маълумот надоранд.

Қобили зикр аст соли гузашта чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, он соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро гирифт.

 

TuraNews

Back to top button