Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух дод
Тәжікстанда болған 7 балдық жер сілкінісі Алматы мен Шымкентте сезілді
Субҳи барвақти имрӯз, 23 феврал соати 5:37 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ воқеъ буд.
“Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл аз рӯйи ҷадвали 12-балларо ташкил дод”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ бо истинод ба маълумоти зилзилашиносони тоҷик.
Ба гуфтаи ӯ, маркази заминларзаи рухдода дар 400 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 65 киломтер дуртар аз ноҳияи Мурғоб, дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ воқеъ будааст.
Юсуфӣ илова намуд, ки дар бораи харобиҳо ва осебдидагони эҳтимолӣ маълумот нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 5:37 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон заминларза бо қувваи 6,8 балл ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминҷунбӣ дар 62 километрии ҷанубу ғарб аз маркази ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар чуқурии 20 километр қарор доштааст.